Шамсиддин Орумбекзода: «Норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг дар ҷумҳурӣ зина ба зина бартараф мегардад»
ДУШАНБЕ, 8.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2022 Тоҷикистон нақша дорад дар панҷ мамлакати хориҷӣ мутахассисони соҳаи фарҳанг омода намояд. Дар ин бора Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» оид ба норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг изҳори назар кард.
Ба гуфтаи мавсуф, ин мутахассисон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» дар Федератсияи Россия, Чин, Италия, Беларус ва Ўзбекистон омода карда мешаванд.
Зикр гардид, ки тайёр кардани кадрҳои болаёқати соҳаи сирк дар Омўзишгоҳи давлатии санъати сирк ва эстрадаи шаҳри Москва ба номи Румянтсев (Карандаш) ва Омўзишгоҳи ҳунарии сирки шаҳри Пекин ба нақша гирифта шудааст.
«Омодасозии мутахассисон барои соҳаи театр, опера ва балет дар Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС), Академияи балети русии шаҳри Санкт-Петербург ба номи А.Я.Ваганов ва Академияи «Белканто интернешнл»-и шаҳри Милани Италия, оркестри симфонӣ- дар Консерваторияи давлатии Москва ва Консерваторияи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Н. Римский –Корсаков, кормандони осорхонаҳо- дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Санкт-Петербург, Академияи бадеии Россия ба номи Грабар (ш. Москва) ба нақша гирифта шудааст»,- иброз дошт Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.
Тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш соли 2017 аз набудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанги мамлакат изҳори нигаронӣ карда, Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» мушкилоти ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд.
Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар идомаи нишаст иброз дошт, ки таъмини иҷрои самараноки барнома бо амалӣ намудани маблағгузорӣ аз соли 2019 оғоз гардида, норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг дар ҷумҳурӣ зина ба зина бартараф мегардад.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






