Соли 2018 аз лиҳози ташрифи ҳайатҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон бесобиқа буд

Февраль 12, 2019 14:47

ДУШАНБЕ, 12.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз лиҳози ташрифи ҳайатҳои зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон дар таърихи ҷумҳурӣ бесобиқа буд. Зеро тақрибан 400 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳамзамон  62 мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки барои густариши бештари муносиботи байналмилалӣ дар асраи ҷаҳонӣ саҳми муассир доштанд.  Дар ин бора 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод.

Дар доираи ин сафарҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои шарик дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд.   Дар маҷмӯъ, соли 2018 заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони он бо имзои 127 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун таҳкими бештар ёфт, ки аз онҳо 7 адад санадҳои сиёсӣ, 32 адад шартномаҳои байниҳукуматӣ, 36 адад шартномаҳои байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ, 37 адад ёддоштҳо  ва протоколҳои байниидоравӣ ва 15 адад барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Соли 2018 дар таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор гардидани нишасту чорабиниҳои зиёди байналмилаливу минтақавӣ чун соли беназир сабт мегардад. Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (16-17 апрел), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез (3 — 4 май), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ (31 май-01 июн), конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июн), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (27 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (28 сентябр), ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (11-12 октябр), маросими тантанавӣ ба муносибати ба истифода додани чархаи якуми НБО «Роғун» (16 ноябр) ва даҳҳо нишасту чорабиниҳои дигар Тоҷикистон ва пойтахти он-шаҳри Душанберо ба маркази тасмимгириҳо дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ табдил доданд.

Февраль 12, 2019 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад