Соли 2018 бақайдгирии таваллуд дар Тоҷикистон зиёд гардидааст-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 14, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бақайдгирии таваллуд дар   ҷумҳурӣ соли 2018 афзуда,  нисбат ба соли 2017  0,7 фоиз зиёд  мебошад. Матлаби мазкурро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.  

Г.Ҳасанзода ҳамчунин иброз дошт, ки зиёдшавии бақайдгирии  таваллуд асосан дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе  мушоҳида шудааст.

Дар вилояти Суғд зиёдшавии бақайдгирии  таваллуд 2,6 фоиз, Хатлон 1,1 фоиз ва дар  шаҳри Душанбе 0,9 фоизро ташкил намудааст.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  кам шудааст, ки он мутаносибан 6,8 фоиз  ва 1,3 фоизро ташкил намуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ соли 2018 нисбат ба  соли 2017  ба андозаи 1,1 фоиз зиёд шуда, ба 1000 нафар аҳолӣ 21,8 нафар рост омадааст.

Февраль 14, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд