Суди ноҳияи Ёвон Аскар Толибовро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намуд

Февраль 1, 2019 11:13

 ЁВОН, 01.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Суди ноҳияи  Ёвон Аскар Толибови 32-сола, истиқоматкунандаи шаҳраки Ёвонро дар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба андозаи чорсад нишондиҳанда, баробар ба 20 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Ёвон  Манучеҳр Мирзозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод.

Суд ҳамчунин ҷавобгарро, ки соли 2017 аз тарафи Суди  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо моддаи 332 қисми яки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба муҳлати 5 сол  аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда, аз он дарси ибрат нагирифтааст, боз як маротибаи дигар дар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 10 сол маҳрум кард.  Суди ноҳияи Ёвон парвандаи Аскар Толибовро, ки  нозирони ШБДА ШВКД  дар роҳи мошингарди ноҳия дар ҳолати мастӣ  ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёт дастгир намуданд, барои пешгирии чунин ҷиноятҳо дар  маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки васеи сокинон баррасӣ намуд.

Ба иттилои  манбаъ, Суди ноҳияи Ёвон соли 2018  тибқи моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 36   парванда баррасӣ намуда, ба буҷети ҷумҳурӣ 310 ҳазор сомонӣ  ворид намуд.

Манучеҳр Мирзозода  мегӯяд, ки ҳангоми баррасии  ин гуна парвандаҳо дар суд муқаррар карда шуд, ки яке аз сабабу шароити содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ- ин ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз тарафи шахсони масъул мебошад.  Аз ин ҷиҳат баъзе шаҳрвандон аз беназоратӣ ва бемасъулиятии роҳбарон истифода бурда, бархилофи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора карда, бо ин амал талаботи моддаи 332 — 337 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон менамоянд.

Суди ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаю чорабиниҳои баргузоршаванда  дар байни  аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ба воситаи гузаронидани судҳои сайёр баҳри пешгирӣ намудани  ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, мунтазам  суҳбату вохӯриҳо ташкил менамоянд.

Бояд гуфт, ки  дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт сабаби ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз 5 то 10 сол мебошад. Ҳамчунин  дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт сабаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо мегардад.

Февраль 1, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд