«СУХАН ВА ДАРМОН». Таҳти ин ном дар Душанбе ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ёфт

Февраль 5, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Ҷамъияти Иттифоқи байналмилалии  нависандагон ва табибон дар Тоҷикистон  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сухан ва дармон» таъсис дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,   4 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Ҷамъияти  Иттифоқи байналмилалии  нависандагон ва табибон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ташкилоти нави  ҳизбии «Сухан ва дармон» таъсис ёфт.

Дар ҷамъомад иштирокчиён бо ҳамраъйӣ Мирзоюсуф Тоҳириро роҳбари ташкилоти навтаъсиси ҳизбӣ интихоб намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш 8 нафар аъзои Иттифоқи байналмилалӣ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон ва 10 нафар  ба узвияти Иттифоқи байналмилалии нависандагон  шомил шуда, соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамоиш намояндагони Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи байналмилалии  нависандагон ва табибон дар Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва табибон аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Февраль 5, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад