ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, шанбе, 47-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 16, 2019 09:00

16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

***

7 сол пеш, 16 феврали соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуда, ҷараёни иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъйини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақаро баррасӣ карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистону Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ оғоз гардид.

16 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.

***

Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.

 РӮЙДОДҲО:

 16 феврали соли 2005  Ҷамъияти  саҳомии   муштараки  Россия  ва  Тоҷикистон — Неругоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.

***

16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.

***

3 сол пеш, 6 феврали соли 2016 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид.

***

16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1918 Ҷумҳурии Куба истиқлолият ба даст овард.

***

16 феврали соли 1992 дар раъйпурсии Швейтсария аксарияти аҳолӣ бар зидди манъи истифодаи ҳайвонҳо барои таҷрибаи тиббӣ овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1903 аввалин маротиба барои пурра кардани дандонҳо  фарфор истифода бурда шуд.

 ***

Соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами  хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 16, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад