«Тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан коҳиш ёфтааст»,- бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
ДУШАНБЕ, 07.02.2019./АМИТ«Ховар»/. Дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш ва мониторингҳое, ки аз ҷониби мутахассисону коршиносони вазорат гузаронида шуд, маълум гардид, ки дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2018 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 3 ҳазору 581 нафар (ё 1%) ва нисбат ба соли 2013 315 ҳазору 522 нафар (ё 39,5%) камтар шудааст. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан соли 2018 424 ҳазору 490 нафарро ташкил дод, ки аз хусусияти мавсимӣ доштани муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Аз натиҷаи татқиқоти сотсиологие, ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, маълум мегардад, ки вазъи будубош ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар мегардад. Ин нуктаро муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд.
Хамчунин муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадулозода иброз дошт, ки яке аз сабабҳои коҳиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ –ин дар мамлакат таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолист, ки яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин самт маҳсуб меёбад. Ба иттилои номбурда, ҳамкорӣ бо давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон тақвият ёфта, соли 2018 масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати меҳнатӣ бо ин кишварҳо дар 7 ҷаласаву вохўриҳо, нишастҳои сатҳи баланд ва гурўҳҳои кориву коршиносон баррасӣ гардиданд.
«Масъалаи дигари ин самт дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст. Бо назардошти ин аз ҷониби вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, 13 ҳазору 628 нафар чунин шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд»,- афзуд Н.Маҳмадуллозода.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






