ТОҶИКОН – ДАР САРОСАРИ ДУНЁ. Зубайдулло Убайдуллоев аввалин доктори илм ва ягона профессор аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи Тсукубаи Япония

ДУШАНБЕ, 01.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Олими тоҷик, профессори Донишгоҳи Тсукубаи Япония Зубайдулло Убайдуллоев дар айни замон дар Академияи байналмилалии тадқиқоти варзиши Тсукуба, факултаи илмҳои тандурустӣ ва варзиши яке аз донишгоҳҳои бонуфузи давлати Япония-Донишгоҳи Тсукуба аз фанни «Варзиш ва робитаҳои байналмилалӣ» дарс мегӯяд. Номбурда 45-сола буда, аввалин доктори илм (Ph.D.) дар илмҳои японшиносӣ ва айни замон ягона профессор аз Тоҷикистон дар Донишгоҳи Тсукубаи Япония мебошад. Бо ҳикоят дар бораи ӯ мо ба силсилаи мавод дар рубрикаи нави «Тоҷикон – дар саросари дунё» идома медиҳем.
Профессор Зубайдулло Убайдуллоев зиёда аз 11 сол аст, ки дар ин Донишгоҳи бонуфуз ва миллии давлати Япония, яъне Донишгоҳи Тсукуба фаъолият дорад. Ӯ 5 октябри соли 2007 ба ин Донишгоҳ омада, барномаи омодагӣ ба докторантураро хатм намуд. Аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи марти соли 2011 дар докторантураи илмҳои байналмилалии японшиносии Донишгоҳи номбурда дар риштаи робитаҳои байналмилалии Япония таҳсил кардааст. Моҳи марти соли 2011 докторантураи мазкурро бомуваффақият хатм намуда, дар натиҷаи ҳимояи рисолаи докторӣ ба унвони доктори илм (Ph.D.) дар илмҳои японшиносӣ мушарраф гардидааст.
Моҳи июни соли 2012 номбурда барои ин рисолаи докториаш дар мавзӯи «Робитаҳои Ҳиндустон ва Япония дар замони Неҳру (1947-1964)», ки дар Донишгоҳи Тсукубаи Япония ҳимоя карда буд, бо Ҷоизаи бонуфузи Накасоне Ясуҳиро қадрдонӣ мегардад. Ин ҷоизаро Арбоби бузурги давлатии Япония Накасоне Ясуҳиро, ки солҳои 1982-1987 Сарвазири Япония буд, таъсис додааст. Ӯ аз соли 1988 то имрӯз Президенти Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Накасоне Ясуҳиро мебошад. Ин ҷоизаи бонуфузро ба Зубайдулло Убайдуллоев худи Накасоне дар маросими расмии ҷоизасупорӣ дар шаҳри Токио супоридааст.
Профессор Убайдуллоев пас аз хатми докторантура аз моҳи апрели соли 2011 то феврали соли 2016 дар Донишгоҳи Тсукуба ҳамчун муҳаққиқ ва устод фаъолият намудааст. Мавсуф аз 1 марти соли 2016 бо қарори кумитаи илмӣ ва тасдиқи раёсати Донишгоҳи Тсукубаи Япония ба дараҷаи илмии профессор (Associate Professor) мушарраф мегардад. Зубайдулло Убайдуллоев донандаи хуби забонҳои англисӣ, русӣ, японӣ, ҳиндӣ ва урду мебошад.
Ин олими тоҷик соли 1996 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 магистратураи факултаи илмҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳруи шаҳри Деҳлии Ҳиндустонро бо ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ хатм кардааст.
Аз соли 1998 то соли 2007 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз соли 2008 то 2013 ҳамчун намояндаи ваколатдори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Тсукуба ифои вазифа намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи Тсукуба яке аз донишгоҳҳои миллии Япония буда, дар рӯйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил гардидааст. Дар миқёси ҷаҳонӣ ин Донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷои 15 ва дар байни тамоми донишгоҳҳои дунё дар ҷои 219 қарор дорад.
Ин Донишгоҳ таърихи 146-сола дошта, соли 1872 аз ҷониби Ҳукумати Мейҷи ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад. Давоми 101 сол ин муассисаи илмӣ чандин маротиба тағйири ном кардааст. Ниҳоят, соли 1973 он бо қарори Ҳукумати Япония ва тасдиқи Парлумони ин кишвар аз шаҳри Токио ба шаҳри Тсукуба кӯчонида шуда, дар натиҷаи муттаҳид намудани чанд донишкада ва муассисаҳои илмӣ ба Донишгоҳи Тсукуба табдил дода шудааст. То имрӯз се нафар олими ин Донишгоҳ- ду нафар дар самти физика ва як нафар дар химия соҳиби Ҷоизаи Нобел гаштаанд.
Собиқ устод ва профессори Донишгоҳи Тсукуба Акино Ютака 20 июли соли 1998 ҳангоми фаъолият дар Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон ҷони худро барои сулҳу субот дар Тоҷикистон қурбон кардааст.
То имрӯз як зумра шахсони баруманди давлатҳои гуногун, аз ҷумла Жак Рогг, Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Мунсиф Марзуқӣ (2006), Президенти Тунис (2013), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов (2015), Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах (2016) бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба қадрдонӣ шудаанд.
Мояи ифтихор ва шараф аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳангоми сафари худ ба Япония 4 октябри соли 2018 ба Донишгоҳи Тсукуба ташриф оварданд ва бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи Тсукуба шарафёб гардиданд.
Донишгоҳи Тсукуба бо Тоҷикистон робитаҳои хубу босамар дошта, то имрӯз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007), Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (2007 ва 2014) ва Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода (2015) бо ин Донишгоҳи бонуфуз созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд. Инчунин Донишгоҳи Тсукуба бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои ҷудо, сумо ва карате-дои ҶТ робитаҳои хубу дӯстона ба роҳ мондааст.
Бо ташаббус ва ҳамоҳангсозии профессор Зубайдулло Убайдуллоев моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар Раёсати Академияи илмҳои ҶТ Симпозиуми аввалини Япония ва Тоҷикистон дар илм, технология ва инноватсия бомуваффкият баргузор карда шуд. Дар он Зубайдулло Убайдуллоев ва олимони номдори японӣ дар соҳаҳои энергия, гастроэнтерология, растанию гиёҳшиносӣ ва маъданҳо иштирок карданд. Дар натиҷаи ин сафари пурмаҳсули олимони японӣ ба Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ байни факултаи муҳандисии Донишгоҳи Токио ва Институти геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ ба имзо расид. Имконияти хуби ҳамкорӣ байни олимони японӣ ва тоҷик дар соҳаи пайдо ва коркарди маъданҳои Тоҷикистон бо истифодаи технологияи пешрафтаи Япония муяссар шудааст.
Моҳи марти соли 2016 бо ташаббус ва ҳамкории профессор Зубайдулло Убайдуллоев дар Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар шаҳри Душанбе Симпозиум оид ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ баргузор шуд. Дар Симпозиум донишҷӯёни тоҷик ва японӣ варзишҳои миллии ҳарду кишварро муаррифӣ намуданд ва байни онҳо мусобиқаи гӯштии тоҷикӣ ва сумои японӣ ташкил карда шуд.
Академияи байналмиллалии тадқиқоти варзиши Тсукуба, ки дар факултаи илмҳои тандурустӣ ва варзиши Донишгоҳи Тсукуба бунёд ёфтааст ва профессор Зубайдулло Убайдуллоев дар он ҳоло кор мекунад, яке аз се бахши асосии барномаи Ҳукумати Япония Sport for Tomorrow Programme («Варзиш барои фардо») мебошад. Мақсади асосии барномаи Sport for Tomorrow Programme- ин мусоидат ба рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ ва паралимпӣ дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон аз соли 2014 то соли 2020, яъне то замони баргузории Бозиҳои олимпӣ ва Паралимпии Токио 2020 аст. Ин барнома метавонад дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон барномаҳои зеринро амалӣ ва дастгирӣ намояд:
Ҳамкорӣ ва табодули байналмилалӣ тавассути варзиш:
- беҳтар кардани шароити варзишӣ ва фароҳам кардани таҷҳизоти варзишӣ,
- фиристодани варзишгарон, мураббиён ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ аз Япония ба дигар кишварҳо барои дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар варзиш,
- барномаҳои табодули фарҳангӣ тавассути варзиш,
- ташкили чорабиниҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароит барои шахсони маъюб,
- ташкили семинарҳо ва тамринҳо дар варзишҳои гуногун дар Япония ва дигар кишварҳо.
Сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон, ба мисли Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи миллии паралимпӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов, федератсияҳои гуногуни варзишӣ ва дигар ташкилотҳои ба варзиш алоқаманд метавонанд пешниҳодҳои худро барои амалӣ намудани барномаҳои мазкур ба Япония фиристанд ва аз он имкониятҳои зикршуда баҳравар шаванд.
Профессор Зубайдулло Убайдуллоев на танҳо дар соҳаҳои илм ва маориф, балки дар ҷаҳони варзиш ва ҳаракати олимпӣ низ фаъол аст. Ӯ дар чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди соҳаи варзиш иштирок ва суханронӣ кардааст. Ғайр аз ин, номбурда дар Ассамблеяи Генералии XXIII ANOC (Асотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ) дар ш. Токио, Япония, с.2018 ва инчунин дар Форуми байналмилалии «Сулҳ ва Варзиш» дар шоҳигарии Монако (2016) ҳамчун нозир иштирок кардааст.
Ин олими тоҷик барои талошҳо ва кӯшишҳояш дар миқёси байналмилалӣ ҷиҳати барқарор кардани сулҳ ва дӯстии байни кишварҳо тавассути варзиш аз ҷониби Бунёди Ҷаҳонии Сулҳ (UPF) бо ҷоизаи Сафири Сулҳ сарфароз гардидааст.
Профессор Зубайдулло Убайдуллоев ба гӯштини миллии тоҷикӣ ва дзюдои японӣ таваҷҷуҳ ва алоқамандии зиёд дошта, муддате дар ин варзишҳо тамрин кардааст. Имрӯз фарзанди ӯ идомадиҳандаи мероси варзишии падар буда, дар клуби дзюдои кӯдакони Донишгоҳи Тсукуба машқ мекунад.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Ташрифи Сафири аввалини ҶТ дар Япония Давлаталӣ Саид ба Донишгоҳи Тсукуба 6 октябри с. 2008. Дар сурат, аз чап ба рост: Президенти онвақтаи Донишгоҳи Тсукуба, профессор Ивасаки, Сафири ҶТ дар Япония Давлаталӣ Саид ва Зубайдулло Убайдуллоев.

З. Убайдуллоев бо Президенти Донишгоҳи Тсукуба профессор Кёсуке Нагата ҳангоми супоридани ҳуҷҷати Намояндаи ваколатдори Академияи илмҳои ҶТ дар Донишгоҳи Тсукуба, 6 июни 2013.

З. Убайдуллоев бо олими машҳури японӣ профессор Макото Ватанабе ҳангоми Симпозиуми аввалини Япония Тоҷикистон дар илм, технология ва инноватсия, шаҳри Душанбе, 19 марти с. 2015.

Симпозиуми аввалини Японияву Тоҷикистон дар илм, технология ва инноватсия. Шаҳри Душанбе, 19 марти с. 2015.

Симпозиуми Японияву Тоҷикистон оид ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов. 14 марти с. 2016.

Дар акс: профессор Санада, Роҳбари Академияи байналмиллалии тадқиқоти варзиши Тсукуба, Донишгоҳи Тсукуба, профессор Зубайдулло Убайдуллоев ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов профессор Шодӣ Сафаров.