Ҳунармандони сирки кишварҳои ИДМ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд

Февраль 25, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони  сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе меоянд.

Нахустин бор дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунармандони барҷастаи чашмбандӣ ва ромкунандагони ҳайвоноти дарранда аз Россия ва кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Барномаи калон» баргузор мегардад.

Тавре аз маъмурияти Сирк ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин як силсилабарномаи муштаракест, ки дар он устодони барҷаста оид ба чашмбандӣ ва акробатика аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок хоҳанд кард. Россияро ҳунармандони Москва ва Санкт-Петербург муаррифӣ мекунанд.

Ба барномаи рангину ҳайратангез беҳтарин баромадҳо бо иштироки гимнастҳои ҳавоӣ, акробатҳо, чашмбандон ва масхарабозон ворид мешаванд. Инчунин дили тамошобинони тоҷикро  сагчаҳо, аспҳо, хирсҳо ва тӯтиҳои нағмагар шод хоҳанд намуд.

«Ҷавҳари ассосии барнома ин шерони африқоӣ ва чашмбандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҳам ба хурдсолон ва ҳам ба калонсолон писанд меоянд», — зикр намуд маъмури барнома.

Ҳунармандони Сирк аллакай аз 10 март ба омадан шурӯъ намуда,  намоиши аввалин 15 март дар Сирки давлатии Душанбе оғоз мегардад.

Сафари ҳунарӣ то 7 апрел давом мекунад. Намоишҳои нахустин 15 март соати 12.00 ва 16.00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегарданд.

Февраль 25, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст