Вакилони Парлумон дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуданд

Февраль 22, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ Ховар иттилоъ дод, 21 — 22 феврали соли равон  дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо   бо иштироки ҳайатҳои кишварҳои иштирокчии аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид.

Ба иттилои мавсуф,  ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон  Маҷидзода  ва вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова намояндагӣ намудаанд.

«Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар мавзӯи  «Ҳуқуқҳои инсон, волоияти қонун дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Баланд бардоштани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои асосӣ»  ва «Роҳҳои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об» маърӯза намуд»,- илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон аз Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро Конститутсияи мамлакат арзиши олӣ эътироф ва онҳоро мазмуни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор эълон намуда, бо ҳамин ҳуқуқ ва озодии инсонро аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқӣ мешуморад. Паҳлӯҳои алоҳида ва ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон ва шаҳрвандро қонунҳои алоҳида мустаҳкам мекунанд, ки қонунгузорӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ, қонунгузорӣ оид ба оила, маориф, тандурустӣ, гражданӣ, манзил, замин, дар бораи судҳо, дар бораи мақомоти алоҳидаи давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Февраль 22, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид