Вакилони Парлумон Қонун «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре котиби матбуоти Палатаи поёнии Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва бо дарназардошти эродҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд.
Зимнан, Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби такрори матн қисмҳои баъзе моддаҳо таҳрир ва қисми дигари он ба талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуданд.
«Қисми 4 моддаи 9 ба талаботи моддаҳои 232, 250 ва 259 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд. Бо мақсади пурра ифода намудани мафҳумҳои «рӯйхат ва феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи давлатӣ» ба моддаҳои 4, 7 ва 9 Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, сархатҳо ва қисмҳои моддаҳои мазкур дар таҳрири нав ифода гардиданд»,-илова намуд Муҳаммадато Султонов.
Вакилони мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро низ баррасӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул намуданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






