Вакилони Парлумон Қонун «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро баррасӣ намуданд

Февраль 18, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва  Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре котиби матбуоти Палатаи поёнии Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва бо дарназардошти эродҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд.

Зимнан, Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.

Ба иттилои манбаъ, бо сабаби такрори матн қисмҳои баъзе моддаҳо таҳрир ва қисми дигари он ба талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ гардонида шуданд.

«Қисми 4 моддаи 9 ба талаботи моддаҳои 232, 250 ва 259 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд. Бо мақсади пурра ифода намудани мафҳумҳои «рӯйхат ва феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи давлатӣ» ба моддаҳои 4, 7 ва 9 Қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуда, сархатҳо ва қисмҳои моддаҳои мазкур дар таҳрири нав ифода гардиданд»,-илова намуд Муҳаммадато Султонов.

Вакилони мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро низ баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул намуданд.

Февраль 18, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд