ВКД хабар медиҳад: баъд аз муроҷиати шаҳрвандон таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт бартараф гардид

Февраль 27, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт 8 нафар ронандагонро мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъд аз ворид гардидани муроҷиатҳо тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе онҳо мавриди санҷиш ва чораҷӯии ҳаматарафа қарор гирифтанд. Дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида 8 нафар ронандагон мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ронандагон воситаҳои нақлиёти худро дар роҳи пиёдагузар, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои номуайяншуда ба таври ғайриқонунӣ монда, ба ҳаракати шаҳрвандон ва дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намудаанд. Ин амал бо далелҳо исботи худро ёфт.

Бо дарназардошти ҳолати мазкур нисбат ба ронандагон барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуданд.

Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Февраль 27, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд