ЗАБОНДОНӢ ҶАҲОНДОНИСТ. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 4 ихтисоси нав роҳандозӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 5.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои тақвият бахшидан ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён ва ба талаботи меҳнат омода намудани мутахассисон Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 ихтисоси нав роҳандозӣ намудааст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, соли таҳсили 2018-2019 ихтисосҳои нав: забон ва адабиёти тоҷик – забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик – фарҳанги ҷаҳонӣ, забони франсузӣ – забони англисӣ ва забони немисӣ –забони англисӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҷорӣ гардидани ихтисосҳои мазкур дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 бо изҳори нигаронӣ аз вазъи забономӯзии ҷавонон таъкид намуданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад: «Аз ин лиҳоз ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».
Зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои забондон ва мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи мамлакат 10 нафар омӯзгорон барои кор ба Донишкада ҷалб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар 4 факултет ва даҳ кафедра аз рӯи 27 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






