Зимни санҷиши дорухонаҳои ноҳияи Панҷ камбудию норасоиҳо ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии вайронкунии қонунҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ ва табибони сохтори госпиталии ноҳияи Панҷ вохӯрӣ намуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти мазкур масъалаи тағйиру иловаҳоеро, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр карда шуд, ки бо супориши Президенти мамлакат ҷазо дар самти вайрон намудани қонунгузорӣ вобаста ба воридоти маводи дорувории бесифат, ба талабот ҷавобгӯй набуда ва ба фурӯш баровардани онҳо пурзӯр карда шудааст. Аз ин хотир масъулинро зарар аст, ки назоратро дар ин самт бештар намуда, ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар самти хизматрасонии тиббӣ- ин пешгирии ҷиноят, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин мутахассисони сарраёсат вобаста ба камбудию норасоиҳое, ки зимни санҷиш дар дорухонаҳои ноҳияи Панҷ ошкор гардиданд, бо мудирони дорухона суҳбат карданд. Ба мудирон тавсия дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ камбудиҳои ошкоршударо бартараф намоянд.
Нисбат ба он дорухонаҳое, ки дар онҳо камбудиҳо ошкор шудаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамзамон нисбат ба мудирони ин дорухонаҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






