36 намуд лолаҳои баҳорӣ ба Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» ҳусну таровати тоза бахшидаанд
ХУҶАНД, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба худ намуди идона гирифтааст. Хосатан, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки як ҷузъи Маҷмааи фарҳангӣ -таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ҳисоб меравад, бо шинонидани 36 намуд лолаҳои гуногун бо теъдоди 300 ҳазор дона ба худ ҷойгоҳи идона касб намудааст. Зеро дар қатори дигар дарахтони ороишиву ҳамешасабз, чун дарахтони санавбар, булут, ардач, садбарги бутта, ёси ҳиндӣ, кипариси аризонӣ, туя, магнолия ва гулҳои мавсимӣ, лолаҳои гуногунранги баҳорӣ низ ба ҳусну таровати ин мавзеи сайёҳиву фароғатии соҳили рӯди Сир таровати хушманзари баҳорона зам намудаанд.
Бино ба иттилои масъулини Маҷмаа, амали мазкур дар доираи эҳёи яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон – Иди гули лола ва баргузории Фестивали вилоятии «Сайри гули лола», ки дар ин мавзеъ доир мегардад, рӯи кор омадааст.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардида, бештар диққати сайёҳони дохилиро ҷалб менамояд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол дар раванди афзоиши шумораи сайёҳонӣ дохилӣ, инчунин таваҷҷуҳ ва теъдоди шаҳрвандон, сайёҳони мамлакатҳои хориҷи дуру наздик низ баҳри шиносоӣ бо мавзеъҳои ҷолиби минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони обтобрӯя ба маротиб меафзояд.
Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки танҳо соли сипаригашта аз МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 64 000 нафар меҳмонону сайёҳон дидан намудаанд.










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






