Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи март дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд мешавад»
ДУШАНБЕ, 04.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи март дар ҷумҳурӣ боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, моҳи март дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи ҳаво аз рӯи меъёр буда, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 дараҷа баланд шудани он дар назар аст. Дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон низ ҳарорати миёна аз 5 то 7 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Даҳаи аввали моҳи март дар ин минтақа боридани боришот ва тағйир ёфтани ҳарорат дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва баъзе рӯзҳо то 10-15 дараҷа баланд шудани он аз эҳтимол дур нест.
Ҳамчунин дар қисматҳои кӯҳии вилояти Хатлон дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард ҳаво аз 2 то 7 дараҷа хунук шуда, шабона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе рӯзҳо ҳаво рӯзона аз 12-17 то 19-24 ва шабона аз 8-13 то 11-15 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳи март бештар борон борида, дар қисматҳои кӯҳӣ дар баъзе рӯзҳо гузариши борон ба барфи тар дар назар аст. Нимаи дуюм ва сеюми моҳи март дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ шуда, дар қисматҳои ҷануби вилояти Хатлон шиддат гирифтани шамол ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.
Дар вилояти Суғд низ моҳи март ҳарорати миёнаи ҳаво аз рӯи меъёр буда, миқдори боришот зиёд мешавад. Ҳаво дар водиҳо 8-9 дараҷа гарм ва дар қисматҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд даҳаи аввали моҳи март ҳарорат тағйирёбанда шуда, шабона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва баъдан аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳаво дар водиҳо аз 10-15 то 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе рӯзҳо боридани борон ва барфи тар дар назар буда, ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби вилояти Бадахшон моҳи март ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ҳаво дар ин минтақаҳо аз 2-7 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2-7 то 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Бадахшон боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд меборад. Аввали моҳ асосан борону барф меборад. Нимаи дуюми моҳ боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳои вилояти Бадахшон ҳарорат ба меъёри муқаррарӣ наздик шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 1 дараҷа баланд шудани он дар назар аст. Давоми моҳ дар ин минтақа ҳаво нисбатан сард шуда, шабона 20-25 ва рӯзона аз 2-7 то 6-11 дараҷа хунук мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






