Ҳавои номусоиди Тоҷикистон то охири ҳафта боқӣ монда, борони шиддатнок меборад
ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 март дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои пай дар пай пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯиҳои обуҳавошиносии Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, хусусан шаби 30 март дар минтақаҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришоти ниҳоят шиддатнок дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин боридани жола ва эҳтимолияти вазидани шамоли ғарбӣ бо шиддати то 15- 20 метр дар як сония дар назар аст.
Ба гуфтаи Фаридун Ахмедов, дар ин шабу рӯз якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва Хингоб аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани сел ва ярч дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр бо сабаби боридани барф хавфи фаромадани тарма дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ огоҳӣ дод, ки боришоти пайваста дар гӯшаву канори мамлакат метавонад сабаби ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш шавад. Бино ба гуфтаи номбурда, аввали фасли баҳор аслан сербориш мешавад. Аз ин рӯ шаҳрвандонро зарур аст дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
«Бо сабаби он ки то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид ва сербориш мешавад, дар манотиқи кӯҳӣ шиддат гирифтани борон ва омади сел аз истисно дур нест. Дар роҳҳои кӯҳӣ лағжиши тарма низ эҳтимол дорад. Шиддат гирифтани борон дар кӯҳҳо ва теппаҳо сабаби фаромадани ярч ва ҳаракати он гашта, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад ва хатари резиши санг дар назар аст. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзор ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст»,- мегӯяд Умеда Юсуфӣ.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш эҳтиёткор бошанд ва аз сафар намудан тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Тибқи пешгӯиҳои дарозмуддати Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи апрел ҳарорат дар минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон аз рӯи меъёри муқаррарӣ буда, танҳо дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 1 то 3 дараҷа гарм мешавад. Боришот низ дар ҷумҳурӣ тибқи меъёри муқаррарӣ ба амал омада, танҳо дар даҳаи охири моҳи апрел каму беш аз меъёри иқлимӣ зиёд мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






