Ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи «Гули наврӯзӣ» дар шаҳри Бӯстон

Март 30, 2019 09:14

ДУШАНБЕ, 30.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Гули наврӯзӣ»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорон таъмиру навсозӣ шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди кӯдакистони мазкур дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон ва кудакони шаҳр гардид.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои кудакистон аз ду ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 240 нафар пешбинӣ гардидааст. Акнун дар ин муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, фарзандони сокинони шаҳр дар 7 гуруҳ ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар кудакистон утоқи тиббӣ, толори мусиқӣ ва ошхона мавҷуд буда, раванди таълиму тарбия бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

Масоҳати умумии кудакистон 1434 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар кутоҳтарин фурсат азнавсозӣ гардидааст.

Масоҳати худи боғча 0,3 гектарро ташкил намуда, дар саҳни ҳавлии он беш аз 10 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ба ҳусни зоҳирии бино зебогии дигар зам намудааст. Қобили қайд аст, ки ҳангоми таъмиру навсозии бино сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Аснои шиносоӣ бо синфхонаҳои кудакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро саривақтию муфид арзёбӣ карда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид, баҳри дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат бо таваҷҷуҳи бештар саҳми арзанда гузоранд.

Айни замон «Гули наврӯзӣ» дар шаҳр ягона муассисаи таълимии томактабие ба ҳисоб меравад, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

Ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи “Гули Наврӯз” дар шаҳри Бӯстон 30.03.2019

Март 30, 2019 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд