Ба роҳбарияти Муассисаи «Боғи ҳайвонот» барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд

Март 28, 2019 08:26

ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолияти  Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и пойтахт аз наздик шинос шуда,   аз ҷумла ба шароити нигоҳдошти ҳайвонот, ҳолати санитариву тозагии ҳуҷраҳои нигоҳдошти онҳо, панҷараҳо, ҳавзҳои паррандагон, нуқтаҳои  хизматрасонӣ барои тамошобинон, инчунин роҳравҳо барои  сайру гашти  одамон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  ин иқдом  тибқи дастури Раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон  оид ба  вазъи санитарӣ-экологии муассисаи  мазкур роҳандозӣ гардид.

Гурӯҳи мазкур зимни боздид аз «Боғи ҳайвонот»  муайян   кард,  ки дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ  камбудиҳо ҷой доранд.

Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароити нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ барои ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин, ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзор дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд.

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати он, ки имрӯз «Боғи ҳайвонот»-и шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии мусоир тадбир андешанд.

Дар робита ба ин, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Боғи  ҳайвонот»- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимӣ ба роҳ монад.

Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудаанд.

Март 28, 2019 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад