БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ДУШАНБЕ: бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ дар қисме аз кӯчаҳои пойтахт интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад

Март 5, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо  сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино интиқоли барқ  муваққатан қатъ карда мешавад.

Дар ин бора аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, интиқоли барқ дар кӯчаҳои Шевченко, Ҳ.Назаров, Қаҳҳоров, Бухоро, Чапаев, Шероз, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, Заҳматобод, маҳаллаҳои Даҳана, Ҷангалак, Дашти Ҳарзо, Навободи ноҳияи И. Сомонӣ, кӯчаҳои Ҳусейнзода, Нарзиқулов, А.Раҷабовҳо, Титов, Савдо, Улуғбек, маҳаллаҳои Қаротегин, Баҳорӣ, Чинори Эмом, Камолаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Есенин, Фучик, маҳаллаҳои Крупская, Гулбутта, Сомони ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Гипрозем, Юсуф Вафо, Нахимов, Лолазор, Балъамӣ, Матуншенко, Фурӯзон, Навобод ва Меҳрободи ноҳияи Сино қатъ карда мешавад.

«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда интиқол дода мешавад», -зикр кард манбаъ.

Март 5, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд