Бахшида ба 100-солагии ДДУК Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар толори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни 100-солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён таҳти унвони «Қатра» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Хайриддин Идиев, ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев, ҳунармандон ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Тавре Хайриддин Идиев иброз намуд, «нақши Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография дар рушди санъати кинои тоҷик хеле бузург аст. Бояд гуфт, ки асарҳои офаридаи хатмкардагони ин донишкада дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо шоҳҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд. Дастпарварони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ поягузорони мактаби кинематографистӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд».
Ҳамчунин зикр шуд, ки дастпарвари дигари ДДУК Борис Кимёгаров яке аз коргардонҳои маъруфи кишвар ба шумор рафта, дар эҳёи дубораи «Тоҷикфилм» саҳми назаррас гузоштааст. Филмҳои беҳтарини ӯ «Қисмати шоир», «Ҳасани аробакаш», «Дохунда», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» шуҳрати беандоза касб намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.
Зимни фестивал филмҳои кӯтоҳметражи донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи дирӯз дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон консерти муштараки донишҷӯён таҳти унвони «Дӯстӣ» баргузор гардид.








Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»






