«Барқи тоҷик»: маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан маҳдуд кардани неруи барқ дар баъе мавзеҳои зист ба мушоҳида мерасад. Масъулони Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» сабаби онро ба иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ рабт доданд.
Тавре сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо, инчунин омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода мебошад.
«Корҳои таъмирию профилактикӣ ҳамасола гузаронида мешаванд. Зеро таҷҳизоти энергетикӣ дар мавсими душвори зимистон бе таваққуф фаъолият карданд. Бояд таҷҳизоти энергетикӣ барои фаъолияти минбаъдаи бехатар аз таъмири профилактикӣ гузаронида шаванд. Мутахассисони соҳаи барқ кӯшиш доранд, ки таҷҳизоти энергетикиро дар муҳлати муайяншуда таъмир намоянд. Маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад», — илова намуд Н. Ёдгорӣ.
Ба маълумоти номбурда, шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба воситаи сомона, радио ва шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза сокинонро аз қатъи неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт огоҳ мекунанд.
Тибқи иттилои шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, имрӯз, 14 март аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои Бухоро, Рӯдакӣ, Пушкин, Ҳомид Маҳмуд, маҳаллаҳои Харангон, Навобод, Ҷангалак, Дуғоба, Деҳнаваки боло ва поён, Бакавули ноҳияи Сомонӣ ва кӯчаҳои Пайрав Сулаймонӣ, Юсуф Вафо, Қаҳҳории ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






