Дар Бангкок ҷаласаи 38-уми Ассамблеяи генералии ШОО доир шуд

Март 4, 2019 08:29

ДУШАНБЕ, 04.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд ҷаласаи 38-уми Ассамблеяи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО)  баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ин ҷаласа Тоҷикистонро муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ  намуданд.

Дар оғози ҷаласа Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ аъзои ШОО-ро хайрамақдам гуфта, нақши Бангкок ва Тайландро дар рушди Ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё баланд арзёбӣ кард.

«Ман таълимоти варзишиамро соли 1977 дар ҳамин ҷо оғоз кардаам, зеро қарор буд Бозиҳои Осиё соли 1978 дар Бангкок баргузор шавад. Дар ин шаҳр 4 маротиба Бозиҳои Осиё, ҳамчунин Бозиҳои осиёии дохили толор, Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размӣ, инчунин Бозиҳои соҳилии Осиё дар Пхукет доир гардидаанд ва мо барои баргаштан ба ин шаҳри зебо ҳамеша омодаем», — гуфт президенти ШОО.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи комиссияҳои доимамалкунандаи ШОО, комиссияи интихоботӣ, комиссияи зан ва варзиш шунида шуда, масъалаи интихоби роҳбарият, инчунин сардор ва аъзои комиссияи одоби ШОО дар давраи солҳои 2019-2023 баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб карда шуд.

Март 4, 2019 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад