Дар Берлин Иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Март 28, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шарҳи Берлини Германия бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид. Ҳамоиш бо иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Германия ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз зери сарпарастии Фиристодаи Ҳукумати федеролӣ оид ба масоили фарҳанг ва матбуот баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре Сафири Тоҷикистон дар Германия Соҳибназар Ғайратшо иброз дошт, Наврӯз 3000 сол инҷониб ҳамчун иди баҳор аз тарафи 300 миллион нафар аҳолии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мегардад. Иди Наврӯз 30 сентябри соли 2009 ба Рӯйхати мероси ғайримоддии инсоният (ЮНЕСКО) ворид гардида, соли 2010 дар асоси  Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф гардид.

Сафорати Тоҷикистон бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва ташкили гӯшаи иттилоотӣ сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварро дар самти беҳтар намудани некӯаҳволии мардум дар мисоли Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021, инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон намуд. Дар ин росто, таҳия ва пешниҳоди «Наврӯзнома» оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоси иштирокдоронро ҷалб намуд.

Дар ҳамоиш тоҷикони муқими Германия ва Аврупо, аз ҷумла аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Германия, олимон, ҳунармандон, ҳамватаноне, ки дар ин кишвар зиндагӣ, фаъолият ва таҳсил мекунанд, бо аъзои оилаҳои худ ширкат варзиданд.

Директори Форуми Ҳумболдт ва осорхонаҳои давлатии Берлин  Ларс Кох зимни суханронии худ баргузории чунин чорабиниҳои муштаракро барои боз ҳам ҷаззобтар шудани шаҳри Берлин ва имконоти фарҳангии он муҳим хонда, чунин ҷашнҳоро пайвандгари миллатҳо номид.

Март 28, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид