Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модар таҷлил гардид

Март 6, 2019 15:50

ХУҶАНД, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона  баргузор гардид. Дар оғоз иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои занону духтарони ҳунарманди донишгоҳ, ки дар толори театр ташкил шуда буд, дидан намуданд.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии  АМИТ Ховар,  маҳфили идонаро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Зикр гардид, ки имрӯз аз теъдоди умумии кормандони донишгоҳ, ки 1451 нафар мебошанд, 805 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 64 нафар занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ фаъолияти пурсамар доранд.

Инчунин ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои занону бонувони донишгоҳ дар ҳамаи самтҳои фаъолият сухан гуфт. Дар маҳфил 33 нафар занону бонувон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ, ки аз шеъру гуфтор, суруду мусиқӣ ва саҳнаҳои ибратбахш иборат буд, ба маҳфил ҳусни идона бахшид.

Дар маҷмӯъ, бахшида ба Рӯзи Модар бо ташаббуси раёсати донишгоҳ 805 нафар занону бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, дар ин замина 8 нафар собиқадорону устодони донишгоҳ низ аёдат гардиданд.

Март 6, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд