Дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғористон нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи «Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи муосир» оғоз гардид. Дар кори он муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург ва Португалия иштирок доранд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва намояндагон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев намояндагӣ доранд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур омӯзиши таҷрибаи корӣ дар самти навсозии низоми таҳсилоти олӣ, роҳҳои дуруст истифода бурдан аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва технологияи нав дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ҷаласа дар ҳар як донишгоҳи Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода шаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш то 15 марти соли равон идома хоҳад ёфт.
ДАР АКСИ БОЛО: муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон С. Давлатзода дар назди иштирокчиён сухан мекунад.









Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






