Дар Душанбе ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз семинари маърифатию фарҳангӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии семинар ба ҳисоб меравад, ҳамоиши фарҳангӣ 19 марти соли равон дар толори Маркази мероси хаттӣ доир карда мешавад.
Дар назар аст, ки дар семинар олимону донишмандони маъруфи кишвар, аз ҷумла академик Акбар Турсон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, доктори илмҳои таърих Санавбар Воҳидова ва дигарон маърӯза намоянд.
«Эҳёи Наврӯз», «Рамзҳои Наврӯз», «Наврӯз дар Эрон», «Баҳори Аврупо», «Наврӯз дар Афғонистон», «Наврӯз дар Қирғизистон», «Анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон», «Ашъори наврӯзӣ», «Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри суханварони асрҳои IX-XI» аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки дар ҳамоиши маърифатию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Инчунин аз ҷониби магистрантон қироати шеъри наврӯзӣ дар назар дошта шудааст.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






