Дар Душанбе боз як дабистон дари худро ба рӯи толибилмон боз намуд

Март 15, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 15.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи навбунёди таълимӣ барои 820 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад. Мактаб  аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 21 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии физика, кимиё, биология, компютерӣ, таълими ибтидоии ҳарбӣ, таълими меҳнат барои духтарону писарон, утоқи бозии шоҳмот, китобхона, ошхона ва толори муосири варзишӣ мебошад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ин муассисаи нави таълимӣ  бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози кишвар бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии мактаб моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, коргарону мутахассисони ҶДММ «Абдураҳмон-2013» тавонистанд  дар як муддати кӯтоҳ онро бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорону муҳассилин дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Ин муассисаи хуштарҳу замонавӣ бо системаи мустақими гармидиҳӣ, ки бо ангишт ва неруи барқ кор мекунад, муҷаҳҳаз мебошад.

Дар  ин муассисаи  таълимӣ барои омӯзиши технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва  аз худ намудани забонҳои хориҷӣ шароити арзанда фароҳам  оварда шуда,  барои ба  таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон омӯзгорони ҷавону соҳибтахассус ҷалб гардида, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон имкониятҳои фарох муҳайё аст.

Толори барҳавои варзишии муассиса дорои 100 ҷойи нишаст буда, дар он мусобиқаҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва тенниси рӯи миз баргузор карда мешаванд.

Ҳамакнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур дар баробари рафъи мушкилоти мавҷуда беш аз 30 нафар мутахассисон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Соҳаи маориф аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хосатан пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Ин ҳама ғамхориҳо танҳо ба хотири тарбияи насли рӯҳану ҷисман солим, худшиносу меҳандӯст ва пуштибони манфиатҳои давлату миллат равона гардидааст.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат  ҷавонону наврасонро мебояд бо дониши баланд ва ахлоқи ҳамида илмҳои муосирро аз худ намуда, оянда дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Март 15, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид