Дар Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт даъвати панҷум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.03.2019./АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2019 Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ, дар бораи шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардидаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳр барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи ин иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум бояд аз 5 то 13 марти соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи мазкур оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Ҳамчунин бо ин қарор Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






