Дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегарданд

Март 13, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба тасвиб расид.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз», таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ қабул карда  шудааст.

Ёдовар мешавем, ки марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 то  9:00  ва дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 идома меёбад.

Март 13, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд