ДАР ДУШАНБЕ ШАБИ ЭҶОДИИ ВАЛЕРИЙ АҲАДОВ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. Барномаи мазкур дар доираи Рӯзҳои ВГИК дар Тоҷикистон созмон дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе шоми эҷодии коргардони театр ва кинои тоҷику рус Валерий Аҳадов баргузор мешавад.
Ин барнома дар доираи Рӯзҳои Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография (ДДУК; ВГИК) ба номи Сергей Герасимов, ки аз 11 то 15 марти соли равон дар Душанбе ба муносибати 100-солагии донишкадаи мазкур сурат мегиранд, ташкил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Рӯзҳои ДДУК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи Сергей Герасимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода имзо хоҳад шуд.
Дар рӯзҳои баргузории барнома консерти муштарак таҳти унвони «Дӯстӣ», намоиши филмҳои беҳтарини хатмкунандагон ва донишҷӯёни ДДУК дар кинотеатрҳои «Ватан» ва «Зебуннисо», намоиши саҳначаи «Эдип» дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва инчунин намоиши филмҳои кӯтоҳметраж, ки аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, рус, афғон, ӯзбек, қазоқ ва қирғиз таҳия шудаанд, дар назар аст.
Саҳми Донишкадаи давлатии кинематографии умумироссиягии ба номи С. Герасимов дар рушди кинои тоҷик бисёр муҳим аст. Филмҳои таҳиякардаи хатмкунандагони ДДУК дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сазовори мукофотҳои кинематографӣ шудаанд.
Хамткунандаи ДДУК (ВГИК) Борис Кимёгаров яке аз коргардонҳои маъруфи кишвар ба шумор рафта, дар эҳёи дубораи «Тоҷикфилм» саҳми назаррас гузоштааст. Филмҳои беҳтарини ӯ «Қисмати шоир», «Ҳасани аробакаш», «Дохунда», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» шуҳрати беандоза касб намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Валерий Ахадов коргардони театр ва кинои Тоҷикистону Россия мебошад. Дар факултаи фалсафаи ДДМ (1963-1965) таълим гирифтааст, хатмкардаи факултаи коргардонии ДДУК (ВГИК) (1997, коргоҳи эҷодии Е. Дзиган). Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон ва баъдан Федератсияи Россия мебошад. Ӯ ҳамчун равшанидиҳанда ва ёрдамчии наворбардор дар студияи «Тоҷикфилм» кор кардааст, сипас ҳамчун саркоргардон дар театри драмавии давлатии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кардааст.
Соли 1990 бо гурӯҳи ҳунармандон аз Душанбе ба Магнитогорск муҳоҷират намуд, аз соли 1991 – саркоргардони Театри драмавии Магнитогорск мебошад. Фестивалҳои «Ашки булӯрин» ва «Театр бидуни марз» ташкил менамояд. Дар саҳнаи театри Россия ба номи А.С. Пушкин намоиши «Мементо»-ро аз рӯи пйесаи Дени Жаке бо ҳунармандони франсавӣ Жак Винсэ ва Ани Селиерро гузоштааст, дар Москва – пйесаи Н.Брод ««Ну, все, все, все?» -ро гузошт. Соли 1999 дар Театри тамошобини ҷавони Москва спектакли «Ба тамошобинон нигаристан манъ аст» (мазҳакаи Жан Марсан) –ро ба саҳна гузошт. Дар соли 2000 «Фоҷиаи хурд»-и А.С. Пушкин бо ҳунармандони театри давлатии Кипр (Никосия)-ро ба саҳна гузошт.
Коргардони филмҳои «Кӣ ба Трускаветс меравад?», «Асрори оилавӣ», «Қатораи иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (якҷоя бо Сайидо Қурбонов), «Елена Сергеевнаи азиз», «Руф», «Ман ваъда додам, ман меравам», «Ҳаёти шахсии малика», «Шумо хоҳед хандид», «Занҳоро набояд ранҷонид» ва дигарҳо мебошад.








Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд






