Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши асарҳои мусаввирони Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки то 15 марти соли равон идома меёбад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғози намоиши мазкур директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ҳунарпешаи маъруфи театру кинои тоҷик Марям Исоева ва варзишгари маъруфи тоҷик оид ба камонварӣ Зебуниссо Рустамова иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар намоиш аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари рассомон ва 8 нимпайкараи ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Дар асарҳо симои зан – модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни асри ХХ офарида шудаанд, ифода ёфтааст. Ҳар як асар нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд.
Дар намоиши мазкур асарҳои нодири рассомони барҷаста, аз қабили А.Қ. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои Зебо Аминзода», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоишномаи Ҳамлет», «Арӯс», А.Умаров «Модар», И.Л. Лисиков «Симои Зебуниссо Рустамова», А.Н, Камелин «Симои Зебуниссо», П. П. Бенков «Духтари дуторнавоз», А.Т. Бесперстов «Дӯзанда Зиёда» гузошта шудаанд.
Зебуниссо Рустамова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи мақоми зан дар ҷомеа ва иштироки занон дар варзиш ибрози назар карда, гуфт, ки имрӯз сафи занҳо дар соҳаи варзиш зиёдтар шудааст.
«Имрӯз аксарияти бонувони тоҷик барои нигоҳубин ва саломатии худ рӯ ба варзиш овардаанд. Барои обутоб додани бадани худ ба толорҳои варзишӣ мераванд, ки аз ин ман хело шодам. Аммо хуб мешуд, агар бонувони мо рӯ ба варзиши калон меоварданд. Бояд гӯям, ки имрӯзҳо барои рушди соҳаи варзиш аз тарафи давлату ҳукумати кишвар корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Боварӣ дорам, ки сафи бонувон дар варзиш боз ҳам зиёд гашта, ба монанди Мавзуна Чориева ва дигарон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ номи Тоҷикистонро баланд мебардоранд»,- зикр намуд З.Рустамова.
Бояд зикр намуд, ки ҳамзамон дар доираи намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии «Инъикоси таърихи занони Тоҷикистон дар асарҳои олимон» баргузор гардид. Дар он намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишкадаҳо иштирок намуданд.








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






