Дар шаҳрҳои Новокузнетску Новосибирск бо соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд

Март 16, 2019 10:40

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш соли 2019 «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон намуданд.  Дар робита ба ин бо ибтикору дастгирии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Зардӣ Шамсиддин, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Сибир Шералӣ Нуриддин ва раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Новокузнетск Шавкат Тоҳиров, Раҳмоналӣ Одинаев, раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирск Сияршо Абуҷабборов, раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода дар шаҳрҳои Новокузнетск ва Новосибирск  бо соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрию суҳбатҳои судманд баргузор гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба онҳо фаҳмонидани  пешниҳодҳои ободкоронаи Пешвои миллат ва дар ин самт ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои рушди маҳал, ҷалби сайёҳон ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад,-гуфтанд иштирокдорони мулоқотҳо.

Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ободии Ватан, рушди маҳал ва дар ин замина саҳмгузор будан дар ободиҳои диёри аҷдодӣ ҳам қарз ҳасту ҳам фарз,-гуфтанд соҳибкорони ватанӣ Раҳмоналӣ Одинаев, Шавкат Тоҳиров, Имомиддин Сониев, Амирҷон Ризоев ва  Қаҳрамон Ҳамдамов, ки дар Новокузнетск фаъолияти пурсамар дошта, пайваста дар ҳама ҷашну чорабиниҳои сатҳи баланди ватанӣ фаъолона ширкат мекунанд.

Раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода зикр кард, ки «инсони комил ҳар куҷое бошад, марзу бум ва хоки аҷдодиашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Чун тоҷикон миллати соҳибтамаддунанд, тавонистаанд дар ҳар гӯшаи олам худро чун мардуми ободкору созанда муаррифӣ намоянд».

Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР

Март 16, 2019 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд