Дар Қубодиён ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории милитсия бо мардум мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баргузории мулоқоту суҳбатҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳафтаи сипаришуда бо иштироки сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён Шавкат Давлатзода бо аҳли ҷамоати ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, мақсади вохӯрӣ беҳбуд бахшидан ба ҷараёни фаъолияти кормандони милитсия, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории милитсия бо мардум мебошад.
Дар мулоқот иштирокчиён дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидон ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани далелу рақамҳои дақиқ сухан гуфтанд.
Зимни суҳбат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори дигар таъкид гардид, ки иҷрои қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас бояд масъулияти бештар дошта бошанд.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






