ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи Рухаки ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои барқарорсозӣ ва ташкили боғу токзор муташаккилона ҷараён доранд

Март 2, 2019 09:15

ХУҶАНД, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд дар самти бунёду барқарорсозии боғу токзор ва вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ корҳо бомаром ҷараён доранд. Хосатан, раванди бештари корҳо дар самти ниҳолшинониву барқарорсозӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба назар мерасад. 

Чуноне масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар заминҳои мавзеи Рухаки ҷамоати мазкур бунёди боғҳои нав ба нақша гирифта шуда, бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ сокинони ҷамоат ва истифодабарандагони заминҳои мавзеи Рухак фаъолона иштирок намуданд. Дар ин рӯз беш аз 600 бех ниҳолҳои зардолу ва олу шинонида шуданд.

Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов Илҳом Аҳмадзода баён дошт, то имрӯз бо ибтикори роҳбарияти вилоят низоми обёрии заминҳои мавзеи Рухак барқарор гардида, корҳои ташкили боғҳои нав ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда муташаккилона ҷараён дорад.

Ҳамзамон аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби хоҷагидорон дар масоҳати 3,8 гектар боғоти нави зардолуву шафтолу бунёд гардида, 5 гектар токзор барқарор карда шуд.

Бо беҳтар шудани ҳолати обёрии заминҳои ин мавзеъ аз тарафи истифодабарандагони замин кишти зироати гуногуни кишоварзӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Март 2, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд