Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба, такмили маъмурикунонии гумрукӣ, рақамикунонии равандҳо ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумрук дар вохӯрии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук хабар медиҳад, дар мулоқот оид ба фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон, ислоҳоти амалишаванда ва раванди амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ маълумот пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки бо назардошти афзоиши нақши Осиёи Марказӣ дар низоми робитаҳои байналмилалии тиҷоратию нақлиётӣ, самаранокии маъмурикунонии гумрукӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ ҷалби сармоягузорӣ ва рушди иқтидори транзитии минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон барои ташаккули низоми муосир ва шаффофи гумрукӣ якчанд ислоҳот амалӣ гардида, аз ҷумла низоми ASYCUDA World, механизми «Равзанаи ягона», барасмиятдарории электронии гумрукӣ ва пардохтҳои рақамӣ амалӣ карда шудаанд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои навсозии инфрасохтори гумрукӣ ва истифодаи технологияҳои муосири назорат, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, воситаҳои автоматикунонидаи назорат ва низомҳои ҳушманди мониторинги мутамарказро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ҷониби Амрико дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, такмили низомҳои иттилоотию таҳлилӣ, инчунин истифодаи имконияти лоиҳаи кумаки техникии «Ширкат барои инфрасохтори ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ – Масири тиҷоратии Транскаспий (PGI/TCTR)» таъкид шуд.
Ҳамзамон омодагии ҷониби Амрико барои идомаи ҳамкорӣ ва баррасии имконияти дастгирии техникӣ ва технологӣ изҳор гардид.
Мусоҳибон барои густариши ҳамкории мутақобили судманд, идомаи муколамаи касбӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои муштарак дар самти татбиқи ислоҳоти соҳаи гумрук изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






