Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми таҷрибавӣ барпо менамояд
ДУШАНБЕ, 11.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Дубайи АМА бозии дуюми худро бо олимпичиёни ин кишвар барпо менамояд. Дар бозии аввал, ки 8 март барпо гардид, дастпарварони Усмон Тошев ғолиб гардиданд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»-и шаҳри Дубай гузаронида шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи олимпии Тоҷикистон хотима ёфт. Тӯбро ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18 –ум ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 77 ба дарвозаи дастаи олимпии Тоҷикистон зарбаи пеналти таъйин шуд, ки онро дарвозабони даста Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.
Бозии таҷрибавӣ
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:1
Гол: Шериддин Бобоев, 18.
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 66), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 90).
8 март. Дубай. Варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум». 50 мухлис.
11 март (душанбе)
Оғози бозӣ соати 18:40 бо вақти Душанбе
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23)
Дубай, варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»
Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқӣ дар Дубай барои дастаи олимпии Тоҷикистон охирин марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «F», ки 22-26 март дар Тошканд доир мешавад, дастаи мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои Ҳиндустон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ мекунад. Тавре хабар дода будем, бо сабаби аз мусобиқа даст кашидани дастаи мунтахабаи олимпии Покистон тақвими баргузории бозиҳо тағйир ёфт.
Ҳайати дастаи мунтахабии олимпии Тоҷикистон дар вохӯриҳои таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби АМА чунин аст:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Муҳофизатгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳар ду «Хатлон»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Ӯзбекистон);
Ниҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳам аз КМВА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






