Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи омодагиро дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расонид

Март 12, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи  пеш аз охири омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар  шаҳри Дубайи АМА ба анҷом расонид.  Футболбозони мо шоми дирӯз дар дуввумин вохӯрии таҷрибавӣ  бо олимпичиёни ин кишвар дидор анҷом доданд.

Вохӯрӣ  дар варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»-и  шаҳри Дубай  гузаронида шуда,  бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб  хотима ёфт. Ҳамаи тӯбҳо дар нимаи дуюми вохӯрӣ вориди  дарвоза гаштанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 8 март дар аввалин вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби олимпии АМА бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада буд.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев дар ҳайати даста 6 бозингарро иваз карда, ҳамаи бозингаронро аз назар гузаронид. Ягона тӯбро аз дастаи мунтахаби кишварамон  ҳамлагари дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе Тоҳир Малодустов  ба нишон  расонд.

Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 13 март ба Душанбе бармегардад ва баъди ду рӯз барои гузаронидани ҷамъомади охирини машқию омӯзишӣ ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафар мекунад. Пас аз анҷоми ҷамъомад 20 март олимпичиёни кишвар барои иштирок дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «F» ба  шаҳри Тошканд ҳозир хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозиҳояшро анҷом медиҳад.

Март 12, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард