ФЕСТИВАЛИ 8-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНЪАТИ СИРК ДАР ИСПАНИЯ. Ҳунарманди ҷавони Сирки тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар он соҳиби ҷоиза гардид!
ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди ҷавони Сирки тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар Фестивали 8-уми байналмилалии санъати сиркӣ «Фили тиллоӣ» (8th International Circus Festival Gold Elephant in Gironа) иштирок карда, Ҷоизаи махсуси мунаққидонро ба даст овард. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, фестивали мазкур рузҳои 14-19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид.
Медалҳои тиллои ин ҷашнвораро ҳунармандони Муғулистон, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Колумбия ва Япония соҳиб шуданд. Чаҳор ҷои дуюм насиби ҳунармандони Чин, ИМА, Ветнам ва Украина гардиданд. Ҳамаи медалҳои биниҷиро артистони Сирки Россия ба даст оварданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳунарманди ҷавони Сирки тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар ин ҷашнвора соҳиби Ҷоизаи махсуси мунаққидон гардид. Қобили зикр аст, ки ӯ ҳамагӣ як сол пеш баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард, вале дар муддати кӯтоҳ дар ду фестивали байналмилалӣ карда, ду ҷоиза ба даст овад.
Дар Фестивали байналмилалии «Фили тиллоӣ» дар Испания Муҳаммад Шарифзода маҳорати худро дар жанри эквилибр нишон дод. Ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду туҳфаи дигар — Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Россия супорида шуданд.
Сиркбози ҷавон мегӯяд, ки соли дуюми таҳсил, вақте интихоби равия ва жанрҳои сиркӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибрро пеша кард. «Ба ман гуфтанд, ки ин жанр мушкил аст ва ҳар кас аз уҳдааш намебарояд ва барои ҳамин нафарони кам онро интихоб мекунанд. Дар вақти омӯзиш ва тамрин чандин бор ҷароҳатҳо бардоштаам. Аммо ман аз роҳ нагаштам, чунки ин жанр бароям писанд аст», — мегӯяд Муҳаммад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот додааст, эквилибр яке аз жанрҳои санъати сирк ва як навъи дорбозӣ буда, дар он ҳунарманд маҳорати худро дар нигоҳ дошта тавонистани мувозина дар болои чизи ноустувор (болои тор, курсӣ, тӯб, сар, даст ва ғайра) намоиш медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки дар 8-умин Фестивали байналмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ» 78 нафар сиркбозон аз 12 давлати дунё, мисли Россия, Чин, Украина, Бразилия, Колумбия, Япония, ИМА, Муғулистон, Чили, Ветнам, Эфиопия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Ин яке аз ҷашвораҳои дар ҷаҳон машҳури сирк буда, ҳашт сол муқаддам дар шаҳри Фигерес (Каталония) таъсис ёфта буд, вале се соли охир дар шаҳри Жирони Испания доир карда мешавад.









Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






