«ҲХДТ рисолати хешро дар муддати начандон зиёд ба иҷро расонида, имрӯз ба неруи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфтааст», — бардошт аз маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Март 15, 2019 17:05

ДУШАНБЕ,  15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза»-и пойтахт Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР хабар медиҳад, тибқи рӯзнома, нахуст гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода оид ба натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 07 феврали соли 2019 дода шуданд, шунида шуд.

З. Раҳмонзода зикр намуд, ки баъд аз Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли 2019 таҳти Раёсати Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок доштанд. «Раиси муаззами ҲХДТ зимни суханронии худ вобаста ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2019 назди сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он як зумра вазифаҳои муайяну мушаххас гузоштанд», — тазаккур дод раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҲХДТ рисолати хешро дар муддати начандон зиёди вақт дар сатҳи зарурӣ ба иҷро расонида, имрӯзҳо ба неруи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки соли 2018 бо як қатор падидаҳои фараҳбахшу рӯйдодҳои хотирмон барои кулли сокинони сарбаланди кишвари азизамон соли муваффақияту комёбиҳо дар ҳама самтҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол бо ибтикори Пешвои миллат чархаи аввали НБО «Роғун» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, беш аз сад нафар кормандони фаъоли ин Кохи нур бо мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд, ки албатта, чунин дастоварду ҷонибдорӣ бояд масъулияти фаротари таблиғотии ҳар як узви ҲХДТ-ро дар роҳи расидан ба марҳилаҳои аввали истиқлолияти комили энергетикӣ бештару афзунтар намояд.

Дар доираи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ҳисоботи аъзои комиссияҳои доимоамалкунандаи назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ, кор бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Ҳамидуллохон Фақеров ва Амонулло Салимзода шунида шуд.

Инчунин вобаста ба омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ба ҳайати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён зимни баромади хеш фаъолияти босамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо махсусан ёдовар шуда, онро қаноатбахш арзёбӣ кард.

Дар фарҷом фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурмаҳсул ва гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Март 15, 2019 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад