ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Душанбе даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид

Март 30, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 29.03.19. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қарори  Раиси шаҳри Душанбе  ба тавсиб расид.

Тибқи Фармони мазкур моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Бо ин мақсад дар асоси қарори ба имзорасидаи Раиси шаҳр  Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе  ва комиссияҳои ноҳиявӣ  таъсис  дода мешаванд.

Тибқи қарори мазкур комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин дар қарори мазкур омадааст, ки Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тибро, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд.

Тибқи ин қарор, роҳбарони  сохторҳои дахлдори  пойтахт  вазифадор гардидаанд, ки  миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Мавриди зикр аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон  на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт —  дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.

Март 30, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид