Ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДММ «Суғдполитекс» дар шаҳри Бӯстон

Март 30, 2019 09:12

ДУШАНБЕ, 30.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нахуст ба фаъолияти корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи саноатӣ аз наздик шинос шуданд.

Сохтмони корхона соли 2017 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ба роҳ монда шуда, он дар муддати камтар аз ду сол бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ босифати баланд сохта ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 207 намуди халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, дар як моҳ 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаҳои полиэтиленӣ баробар аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд, ба иқдоми соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва аз байн бурдани воридоти халтаҳои полиэтиленӣ аз хориҷ таъкид доштанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки дар доираи ҳадафҳо дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 4 ҳазору 119 метри мураббаъ сохта шудааст, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид карда шуда, дар сехҳои он асосан дастгоҳҳои экструдерӣ, буррандагӣ ва чопӣ насб гардида, раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс”, ки бо нақшу нигори хоси миллӣ ва тарҳу намуди хос амалӣ мешавад, асосан барои бозори дохилӣ, аз ҷумла мағозаҳо, гирифтани туҳфаҳо ва дигар эҳтиёҷоти рӯзғор истифода мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба роҳ мондани содироти маҳсулоти полиэтиленӣ ба хориҷ аз кишвар низ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти корхона уҳдадор шуданд, ки дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат солҳои оянда дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилениро бо нақшу нигори миллӣ сохта ба истифода медиҳанд, ки тавлиди маҳсулот дар он асосан барои содирот ба кишварҳои Аврупо нигаронида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар корхонаи инноватсионӣ — истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” бори дигар ҷиҳати роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти аълосифат ва рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда  таъкид доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон феълан наздики 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 240 миллион сомонӣ расонида шудааст.

Ифтитоҳи корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении ҶДММ “Суғдполитекс” дар шаҳри Бӯстон 30.03.2019

Март 30, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ
Cарони давлатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ухнаагийн Хурэлсух ниҳоли дӯстӣ шинониданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд