Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли кошинҳои резинӣ дар ҶДММ «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»-и шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ — механикӣ»-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.
Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳи бори нахуст нав аз шинаҳои автомобил, ки фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида, ин номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода карда мешавад.
Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ- механикӣ” ба зиёда аз 150 нафар расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150-миллиметра, ки бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуданд.
Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо асосан болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол карда мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳои нав, ки дар онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд ва рақобатпазир сурат мегирад, баҳои баланд доданд.
Ба масъулон дастур доданд, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро беш аз пеш афзун намоянд.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ” якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои тунукагӣ, бетони молӣ бо технологияи компютерӣ ва симтаноб барои кранҳои борбардор истеҳсол мегарданд, ки ҳамаи он воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла “Роғун” истифода карда мешавад, ки ҳамзамон зиёда аз 600 нафар коргарону мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиëи марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар доранд.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат замина хоҳад гузошт.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






