Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» дар маркази шаҳри Бӯстон

Март 30, 2019 10:51

ДУШАНБЕ, 30.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи нави хизматрасонии «Баҳор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Мадина Самандарова ва Икром Содиқов сохта шудааст. Ошёнаи якуми маҷмааи хизматрасонӣ барои кошонаи ҳусн ва маркази савдо, ошёнаи дуюм барои тарабхона ва ошёнаи сеюм барои меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхонаи маҷмааи хизматрасонӣ бо 18 ҳуҷра метавонад дар як вақт то 36 нафарро қабул намояд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи хизматрасонии “Баҳор” дар маркази шаҳри Бӯстон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 623,8 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Маблағи умумии барои корҳои сохтмонӣ харҷшуда зиёда аз 4 миллион сомониро дар бар мегирад. Саҳни бино тибқи талаботи меъморию шаҳрсозӣ зебою назаррабо гардонида шудааст.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо хони наврӯзӣ ороста шуда, ба 50 нафар ятимони кулл аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон армуғони идона тақдим гардид. Туҳфаҳо аз сару либос, ширинӣ ва маблағи пулӣ иборат буданд. Дасти ёрӣ дароз намудан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб ёфта, дар рӯзҳои баҳорӣ дар асоси ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат пайваста анҷом дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ наврасонро ба муносибати ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, онҳоро ба омӯзиши илму ҳунар, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва оянда хизмат намудан ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии наврасони бо амри тақдим ятиммонда ва оилаҳои эҳтиёҷмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд. Чунин ҳавасмандгардонӣ, ки фараҳмандии ин наврасони хуштолеъро дар ҷашни Наврӯз афзун намуд, минбаъд низ сурат мегирад.

Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Баҳор” дар маркази шаҳри Бӯстон 30.03.2019

Март 30, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд