«ИЛТИҶО ДОРАМ, КИ МӮЯТРО МАБУР…». Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии Чакомаи гесӯ» доир мегардад

Март 2, 2019 08:03

ДУШАНБЕ, 02.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли равон, бахшида ба Рӯзи Модар ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор мешавад. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН дар ин бора.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъана ва суннатҳои ниёгон симпозиум, фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Дар доираи онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа расму оин, анъанаҳои гузаштагон ва маҳсули дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор мегардад. Яъне, ҳадафи асосии он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳусни зан низ  мисли чаҳор  унсури олам ҷузъиёти худро дорад. Доштани мӯйи зебо, чеҳраи нафис, нигоҳи ҷаззоб ва дандонҳои садафосо аз ҷумлаи ин унсурҳо мебошанд. Зеро доштани мӯйҳои дарозу зебо  ороёфта ба занони тоҷик ҳусну ҷамоли дигар зам мекунад.

Беҳуда Шоири халқии Тоҷикистон устод  Боқӣ Раҳимзода нагуфтаанд:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,

Кокулони мушкбӯятро мабур…

Ба гуфтаи мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, фестивали «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ баргузор мегардад.

«Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиш ва пардози рӯю мӯй вобаста ба  анъанаи ин ё он маҳал, муаррифии санъати асили шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд»,-зикр намуд М.Азимова.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябри соли 2010 дар Кохи «Борбад»-и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардидааст.

Соли равон Фестивали мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 доир  карда мешавад.

Зимнан, доштани мӯйи дароз ҳамчун рамзи зебоии зани тоҷик миёни дигар халқҳои минтақа шӯҳрат дошта, аз даврони пеш то имрӯз омада расидасст. Зеро ҳусни зебову хулқу атвори накӯи зани тоҷик аз замонҳои пеш маъмул буда, бонуи тоҷикро маҳз бо доштани ин ҳама нукот мешинохтанду мешиносанд. Дар замони муосир, навобаста аз пешрафту ҷаҳонишавии фарҳангҳо Ҳукумати кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, пойдор бимонанд. Маҳз бо гузаронидани фестивал-озмунҳо, аз ҷумла Фестивали «Чакомаи гесӯ» метавон гуфт, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик бештар ба самти зебоипарастиву дароз кардани гесӯвони худ рӯ овардаанд. Ин равандро метавон як навъ посгузорию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ номид.

Сокини шаҳри Душанбе Хосият Ашӯрова доштани мӯйҳои дарозро  ирсӣ медонад. Аммо дар айни ҳол ба назари ӯ аз меъёр зиёд истифода кардани таҷҳизоти ороишӣ ва ҳар гуна рангу бор метавонад ба инкишофи мӯй таъсири манфӣ расонад. «Солҳои 80-уми асри гузашта вақте ки мо ҷавон будем, ҳамсинну солҳои мо ҳама мӯйҳои дарозу зебое доштанд, ки аз 1,30 см кам набуданд. Мо он замон танҳо аз василаҳои табиӣ- оби ток, юнучқа, собуни сиёҳ, ҷурғот ва зардии тухм истифода мекардем. Ва ҳангоми ороиш додани мӯй мо аз намудҳои ороишие истифода мекардем, ки табиӣ буда,  моддаҳои химиявӣ надоштанд. Барои доштани мӯйи зебову дароз бояд нисбат ба он ғамхорӣ зоҳир кард»-, мегӯяд Х.Ашӯрова.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, инкишофи мӯйи сар-ин раванди доимии занҷиравӣ мебошад. Аммо ба кори сабзиши он омилҳои гуногун- чӣ берунӣ ва чӣ дохилӣ низ метавонанд таъсир расонанд. Аз ҷумла, зиёд асабонӣ шудан, гирифторшавӣ ба фишорҳои равонӣ, нодурустии кори ҳормонҳо дар организм ва истеъмоли нодурусти ҳар гуна ғизоҳо омилҳое мебошанд, ки сабаби инкишофи сусти мӯй мегарданд. Танҳо ба воситаи хӯрдани ғизои солим ва нигоҳубини дуруст метавон афзоиши онро зиёд намуда, бо доштани мӯйҳои дароз хушҳолӣ намоӣ.

Фарзона Холова, як бонуи 26-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки соҳиби  мӯйҳои дароз аст, сирри мӯдарозии хешро дар он мебинад, ки аз хурдӣ то ба ҳол мӯйҳояшро парвариш менамояд. Ӯ мегӯяд: «Вақте дар хиёбонҳои пойтахт машғули сайру гаштам, шаҳрвандони хориҷӣ бо нигоҳи ҳайратангез ба ман менигаранд. Наздик шуда, аз ман пурсон мешаванд, ки оё воқеан ҳам ин мӯйҳои худат аст? Ман бо ханда мегӯям, ки бале. Доштани мӯйи дароз зеби духтари тоҷик аст. Баъзан духтаронеро мебинам, ки ба сарашон мӯйҳои сунъӣ мечаспонанд. Хуб мешуд агар онҳо мӯйҳои хешро парвариш карда, ба зебоии худ ҳусни дигар зам мекарданд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Март 2, 2019 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст