Имрӯз дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ беш аз сӣ масъала ҷонибдорӣ гардид

Март 29, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 30 масъалаи муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 29 март  баргузор шуд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ  гардиданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ  ва ҷониборӣ намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони Кумитаҳои палатаи болоии  Парлумони мамлакат зикр карданд, ки  қонунҳои мазкур ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон дар иҷосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ҳисобот  дод.

Март 29, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид