Имрӯз Пешвои миллат дар мақомоти судӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Март 19, 2019 18:08

ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси фармон ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам бинобар ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим бинобар ба нафақа баромаданаш, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду  бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Март 19, 2019 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд