Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии гурда: 10 фоизи аҳолии кураи замин ба бемории гурда гирифторанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2006 инҷониб дар тамоми сайёра ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи март Рӯзи умумиҷаҳонии гурда (World Kidney Day) таҷлил карда мешавад, ки имсол он ба 14 март рост омад. Ин рӯз ба хотири ҳарчи бештар паҳн намудани маълумот дар бораи пешгирии бемориҳои гурда таъсис дода шудааст.
Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ташкилоти байналмилалии нефрологҳо, имрӯз қариб 10 фоизи аҳолии кураи замин ба бемории гурда дучоранд ва ба гуфтаи мутахассисон, ин шумора торафт меафзояд.
Духтури бемориҳои гурдаи Муассисаи шаҳрии №13-и шаҳри Душанбе Акрамҷон Ҳасанов дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бемориҳои илтиҳобии гурда ё бемориҳои илтиҳобии роҳҳои пешобгузар дар байни аҳолии кишвари мо бештар дида мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассис, сабаби пайдоиши ин бемориҳо паст будани масунияти бадан, гузаронидани бемориҳои вирусӣ, ба монанди зуком, иқлими гарм, тарзи нодурусти истеъмоли ғизо (аз меъёр зиёд будани сафедаҳо, нӯшокиҳои газнок) ва нодуруст бурдани тарзи ҳаёти солим мебошад, ки ҳамаи ин ба бемориҳои илтиҳобии гурда, роҳҳои пешобгузар ва пайдо шудани сангҳо оварда мерасонад.
«Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар, яъне пайдошавии санг дар гурда ва дигар қисматҳои роҳҳои пешобгузар дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба миён меояд. Ин беморӣ бештар ҳангоми вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар бадани инсон авҷ мекунад. Сангҳо новобаста ба синну сол ва шахсият метавонанд дар дилхоҳ қисмати гурда ва роҳҳои пешоб пайдо шаванд», — зикр намуд ҳамсуҳбат.
Бояд гуфт, ки сабаби асосӣ- ин вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон, хусусан мубодилаи обу намак ва таркиби химиявии хун мебошад. Ба ғайр аз ин пайдоиши санг дар узвҳои пешоббарор метавонад аз чунин омилҳо вобаста бошад: ирсият, бемориҳои бардавоми узвҳои ҳозима (гастрит) ва захми меъда, вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ, бемориҳои гуногуни гурда ва дигар узвҳои пешоббарор — пиелонефрит, простатит, систит, нефроптоз, муддатҳои зиёд камоб мондани бадани инсон, осеббардорӣ ва дигар бемориҳои устухон — остеомиелит, остеопороз ва ғайра. Ҳамчунин норасоии бардавоми витаминҳои D ва UV, истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти афзояндаи кислотаи пешоб— хӯрок (намак), истифодаи зиёди моеи намакдор дар таркиби хӯрок.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар чунин нишонаҳо доранд: дард дар қисмати камар, новобаста аз ҳаракат, пайдоиши хун дар таркиби пешоб – одатан ин ҳолат баъд аз дарди сахт, фаъолияти вазнини ҷисмонӣ ё меҳнати вазнин рух медиҳад. Ҳангоми пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд сари вақт ба мутахассис муроҷиат кард.
Тавре Акрамҷон Ҳасанов зикр намуд, ташхиси беморон бо як қатор усулҳо анҷом дода мешавад, ба монанди таҳлили умумӣ ва биохимиявии пешоб, таҳлили биохимиявии хун-ин усул имкон медиҳад, ки вайроншавии мубодилаи моддаҳо зуд муайян карда шавад. Инчунин ташхиси ултрасадо имкон медиҳад, ки пайдоиш ва ҳаҷми санг муайян карда шавад, рентген, томографи компютерӣ– имкон медиҳад, ки сохт ва кори гурдаҳо ва масона пурра муайян карда шавад. Дар ҳолати муайян гардидани беморӣ мутахассиси соҳа ба бемор табобати зарурӣ тавсия медиҳад.
Барои нигоҳ доштани саломатии гурдаҳои худ ҳар яки моро мебояд, ки дар як шабонарӯз 1-1,5 литр оби ошомиданӣ нӯшем, ҳадди ақал дар як сол як маротиба аз ташхиси хуну пешоб барои муайян намудани кори гурдаҳо гузарем, тарзи дурусти ҳаёти солим барем, доим дар ҳаракат бошем, бештар ба ғизои солим рӯ оварда, аз меваҳои тару тоза истеъмол намоем. Ҳамчунин аз одатҳои бад даст кашида, вазни бадан ва фишори худро таҳти назорат нигоҳ дорем.
Ва муҳимтар аз ҳама, дар хотир доред, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст!
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






