«Истаравшан» ба бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баромад

Март 20, 2019 08:37

ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои футболи истироҳатгоҳҳои Баҳористон ва Бонки миллӣ бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан баъди ғалаба бар дастаи «Хатлон» (2:0) аввалин шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин рӯз «Кӯктош» аз «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд ва бозии байни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва КМВА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст гардиданд.

Ҳамин тавр рақиби дастаи «Истаравшан» дар вохӯрии финалӣ баъди  бозии даври сеюм дар гурӯҳҳои «А» ва «С»  муайян мегардад. Агар  «Алга»-и Қирғизистон бар Кӯктош»-и Рӯдакӣ ғолиб ояд, он гоҳ «Алга» бо «Истаравшан» дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд.

Аз рӯи низомнома ду дастаи ҷои аввали натиҷаашон беҳтарини гурӯҳҳо дар вохӯрии ниҳоӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Дастаи зинаи аввали нишондиҳандааш пасттар бо дастаи зинаи дуввуми нишондиҳандааш беҳтари гурӯҳҳо барои мақоми сеюм ва чорум, дастаҳои ҷои дуввуми натиҷаашон пасттар бо ҳам барои ҷои 5-ум ва 6-ум ва дастаҳои зинаи сеюм бо натиҷаи беҳтар барои ҷойҳои 7-ум ва 8-ум бо ҳам қувва меозмоянд.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозиҳо дар вохӯриҳои плей-офф барои муайян кардани ғолиб баъди вақти асосӣ зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ таъйин карда мешаванд.

Гурӯҳи «А». Даври 2

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:4

Голҳо: Дилшод Восиев, 8 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (0:2). Холмурод Назаров, 53 – худгол (0:3). Азизбек Султонов, 75 (1:3). Давронҷон Эргашев, 87 (1:4).

Гурӯҳи  «В». Даври 2

«Хатлон» – «Истаравшан» – 0:2

Голҳо: Диловар Бойкузиев, 33 (0:1). Азизҷон Шамсиев, 69 (0:2).

Гурӯҳи  «С». Даври 2

«Панҷшер» – КМВА «Помир» – 1:1

Голҳо: Абдулатиф Тоҷиахмедов, 39 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 42 (1:1).

Март 20, 2019 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд